Главная » Файлы » Мои файлы |
ҶУРҶИ ЗАЙДОН
24.08.14, 11.55.38 | |
Ҷурҷи Зайдон ъишрини аввал (октябр)соли 1861- и мелодӣ дар як хонадони масеҳии араб дар шаҳри Бейрут ба дунё омад.Дар айёми кӯдаки ба наққоши алоқа дошт ва чанде наққошӣ омӯхт ва қадре ба забони англисиӣ ошно шуд .Сипас вориди мадрасаи дорусозии Бейрут гашта ба таҳсили илм пардохт .Чун лотин буд он забонро низ ба ҳадди комил фаро гирифт. Ҷурҷи Зайдон дар ҳамон ҳангом ,ки дорусозӣ меомухт ба навиштан ва хондан мақолаҳои сибсӣ алоқа дошт ва дар натиҷаи таваҷҷӯҳи матбуот мавриди бемеҳрии маъмурини ҳукумати диктотурии усмониӣ воқеъ шуд .Кор то онҷо расид, ки мондан дар Бейрут барои вай душвор гашт хоҳу нохоҳ ба миср омад. Дар он рӯзҳо асоси сиёсатҳои исеъмории Фаронса ва Англия бар он буд, ки то андозае Мисрро бо сарпӯшидаи Оли Усмон муссалат кунад. Бинобар ин озодихоҳони мамолики исломӣ аз тамоми гушаю канор ба Миср меомадан. Ҷурҷӣ Зайдон мехост аввалан дар мадрасаи олии тибби Қоҳира машғули таҳсил шавад. Аммо ба он кор муваффақ нашуд. Ва соли 1884 бо генерал Гардун –ҳокимиАнглисии Судон ба Хуртум мерафт ба ҳайси мутарҷими арабӣ – англиси бо ба Судон (Хортум) рафт. Ӯ вақти иқомоти ху дар Судон дар ҷангҳои Аҳмади Меҳдии Судонӣ ҳузур дошт. Пас аз он, ки ошӯби Меҳдии Судонӣ поён пазируфт, Ҷуҷӣ Зайдон сафаре ба Лондон намуд. Баъди бозгашт ба Қоҳира бо маҷаллаи Ал-муқататаф ( المقتطف) ки яке аз маҷаллаҳои муҳими он рӯзи Миср буд ҳамкори намуд. Вале дере нагузашта аз ин кор берун рафт ва соли 1889 китобе бо номи “Таърихи умумии масонҳо”- ро (تاريخ الماسونية العالم) интишор дод ва зимнан дар мадрасаи дорусозии қибтиҳои Қоҳира ҳам дорусозиро дарс медод. Саранҷом дар соли 1892 маҷаллаи моҳонаи ал- Ҳилол “الحلال”- ро нашр намуд, ки то кунун он маҷалла тавасути фарзандонаш (Шукри Зайдон – Амил Зайдон ) мунташир мешавад, ва он маҷалла қадимтарин нашриоти Шарқ ба шумор меравад. Қурқи Зайдон нахустин нависандаи араб аст, ки ба сабки наи исандагони Аврупои матолиби илмӣ ва таърихии исломиро бо суроати роман (достон) интишор дод. Достонҳои таърихии Ҷурҷи Зайдон ба бисёр забонҳо махсусан форсӣ тарҷума шуда ва мавриди писанд будааст.Ҷурҷи Зайдон мегуянд ;”Достонҳои таърихии исломиро барои он навиштам ,ки хонандагонро барои мутолиаи давраи таърихи илмӣ ошно созам. Ин дар ҷилди авали китоби “Таърихи тамадуни ислом “ буд. Ин китоб ба форсӣ тарҷума шудааст. Ин чиз мусаллаҳ аст. Ки пеш аз Ҷурҷи Зайдон ва баъд аз таърихи тамадуни ислом ва худи ислом ё авзои ислом мунташир намудаанд. Аммо китоби “таърихи тамадуни ислом “ – Ҷурҷи Зайдон се афзалият бар китобҳои мушобеҳ дорад. Яъне аввалан то кунун касе монанди Ҷурҷи Зайдон таърихи тамадуни исломро аз ҳайси илму адаб сиёсати артиш, сарват, адабу русум табақабанди накардааст. Ва ин феълан имтиёзи махсус ва мунҳасир ба Ҷурҷи Зайдон мебошад. Дувум Ҷурҷи Зайдон иҳотаи комиле ба забону адабиёти араб дошта ва дар муҳити араб баромд ва матолибро аз манбаи асли бидуни восита иқтибос кардааст. Сеюм Ҷурҷи Зайдон нависандаи забардасте буда ва таълифоти ӯ умуман хусусан китоби “ Таърихи тамадуни исломи “ аз ҳайси ҷумла ва иборот якнавъ шоҳкори маҳсуб мешавад. Дигар аз таълифоти Ҷурҷи Зайдон китоби “Таърихи адаби забони арабӣ”(تاريخ العربية الاداب) аст ,ки ба форсӣ тарҷума нашудааст .Ҷурҷи Зайдон даҳҳо китобу рисолаи таърихӣ ва илмиву адаби ва садҳо мақола ба забони араби дар бораи ислом ва мусалмонон нашр кардааст ва ба эътирофи донишмандони мусалмон бо он ки масеҳи буда заррае аз шарҳи муҳассаноти (хубиҳои )таълимҳои исломи муқаддас фурӯгузор накардааст. Ҷурҷи Зайдон дар соли 1914 –и мелодӣ дар асри касрати мутолиот ва таҳрир дучори сактаи димоғи (инсулт)шуда дар Қоҳира вафот кардааст. Аҳамияти китоб:Ҳар чанд дар соҳаи таърихи тамаддуни исломӣ китобу таълифоти гуногуне вуҷуд дошта бошад ҳам китоби “Таърихи тамаддуни исломи”-Ҷурҷи Зайдон мақоми хосае дорад .Бо он ки асар нисбатан қадими аст ва солҳои бисёр аз замони таълифи он мегузорад ва низ ин ки пас аз интишори ин асар таълифоти бисёри тозае дар бораи фарҳанги исломӣ навишта шудааст .Аммо ба далели густурдаю умқи пажӯҳишҳои Ҷурҷи Зайдон ва ҳамчунин густурдагии манобеи пажӯҳиши ӯ асар ҳанӯз низ аз бисёре аз он осори бадеӣ дар замина беҳтар ва ходанитар аст .Ин китоб то кунун ба забонҳои мухталиф тарҷума шудааст.Профессор Маргелиус –устоди арабии Оксфорд ба англисӣ ва профессор Уфукоту Исҳок дар Тунис ба фаронсавӣ шайх Ғулом Муҳаммад ба забони урдӯи устод Закибеки Муфаккир дар Истамбул ба туркӣ ва Алиҷавоҳири Калом ба форсӣ тарҷума кардаанд . Ончӣ бар аҳамияту арзиши ин китоб меафзояд рӯҳи инсофу воқеъбинонаи нависанда дар эътироф ба бархе аз арзишҳои исломӣ ё масоили марбут ба фарҳангу тамаддуни исломӣ аст. Бо вуҷуди ин тарафҳои мусбат дар ин таҳқиқ ба баъзе масъалаҳо метавон таҷдиди назар кард .Баъзе чизҳое,ки Чурҷи Зайдон ба тамаддуни ислом дар давраи Уммавиёну Аббосиён нисбат медиҳад аз ислом ё мусалмонон набудааст .Дуввум ӯ таърихи тамаддуни ислом ва арзишҳои исломиро аз дидгоҳи аҳли суннат нигариста аст .Севвум бо вуҷуди эътирофи арзишҳои исломи Ҷурҷи Зайдон масеҳӣ будааст .Бинобарин ин омил дар баъзе нигоҳҳои ӯ дар ҷамбаҳои шариат ва ҳаёти мусалмонон зоҳир мешавад. Мазмун ва мӯҳтавои китоби”Таърихи тамаддуни ислом” Чи хеле ,ки дар боло зикр карда шуд китоби “Таърихи тамаддуни ислом”пеш аз ҳама китоби таърихӣ буда бо услуби нав фарҳанги нигошта шудааст .Вале арзиши ин китоб фақат бо таърихи будан маҳдуд нагашта ,балки қиммати он ҳамчун китоби адаби –ахлоқи низ баланд аст .Зимни таълифи ин китоб Ҷурҷи Зайдон ақидаву афкори худро оиди адабиёт,илм ,таърих ,динну фарҳанг иброз доштааст .Ҷурҷи Зайдон ин китобро дапр 5ҷилд навиштааст ,ки ҳар як ҷилди он таърихи тамаддуни исломро аз ҷиҳате дар бар гирифта табақабани мекунад .Ҷилди аввал чунин мавзуъҳоро дар бар мегирад : • Тамаддуни араб пеш аз ислом • Зуҳури Ислом • Интишори ислом • Пайдоидоиши давлати исломӣ • Идораҳо ва муассисоту артиш ва байтулмоли мамолики исломӣ . Ҷилди дуввум бошад дорои чунин феҳраст аст . • Сарвати давлатҳои исломӣ • Сарвати мансабдорон ва хулафои Ислом • Сабабҳои пайдоиши он сарватҳо ва аз даст рафтани он • Сарватҳои аҳолии ин шаҳрҳо ва деҳаҳо Ҷилди сеюм аз чунин мавзӯъҳо иборат аст : • Улум ва адабиёти араб • Улум ва адабиёти исломӣ • Улум ва адабиёти бегона • Пизишкӣ • Риёзиёт • Илмҳои табии ва ғайра • Мадраса ва китобхонаҳои исломӣ Ҷилди чаҳорум ин мавзуотро дар бар мегирад • Сиёсати давлатҳои исломӣ • Вазъи ҳукумати хулафои Рошиддин • Уммавиён • Аббосиён • Уммавиён Андалус • Фотимиён ва сиёсати ҳар як дар мустаҳкамкунии мабонии фармонравоӣ ва рафтори онон ба мардум • Одатҳо ва русум иҷтимоӣ • Зиндагии хонаводагӣ • Тамаддун ва таҷаммул (зебои)ва осори ободонӣ дар кишварҳо ва шаҳрҳо ва дастгоҳҳои фармонравоёни исломӣ. Чи хеле ки мебинем муллиф панҷ ҷилди қиммати худро ба панҷ мавзуҳои алоҳида яъне тамаддун ,илму адабиёт ,сарвату мол ,сиёсату давлатдори ,низоми иҷтимои тақсим намудааст . Ҳар як ҷилди китоби худро Ҷурҷи Зайдон бо муқаддимаи кӯтоҳе оғоз намуда дар онҳо оиди ҳамон ҷилд маълумот медиҳад.Инчунин тарзу услуби таҳқиқи худро баён дошта сабабҳои навиштани китоби худро ошкор менамояд .Чунончи ӯ дар муқаддимаи ҷилди аввал мегӯяд: فلا شك ان تاريخ الاسلام جزء من التاريخ العالم للعالم لانه تاريخ حضارة في القرون الوسطى فاذا بينا احسن من ذلك هو حلقة الول الذي وصل تاريخ العالم القديم بالجديد و به بدا خضارة جديدة و به انتهت الحضارة القديمة و كنت اشتغل بمطالعته خلا السنوات الاخيرة اذا كنت فا غا من امور المجلة (الهال)كنت اتعمق في حقاءقه و اكتب الحو الشي و التعيقات و التذكيرات بنية ان اكتب تاريخا مفصلا عنه و كنت اعلن نية في هذا العمل مرار او حتى الان نحن على هذه النية بعون الله Шакке нест, ки таърихи Ислом яке аз муҳимтарин таърихҳои умумии ҷаҳон мебошад. Зеро таърихи мазкур иборат аз таърихи тамаддуни саросари ҷаҳон дар асрҳои миёна аст. Ва ё беҳтар бигӯем, таърихи ислом ҳалқаест, ки таърихи дунёи қадимро бо таъърихи нав пайваст мекунад. Бо таърихи ислом тамаддуни нав сар зада ва тамаддуни дунёи қадим ба он поён ёфтааст. Солҳо буд,ки мо ба мутолиаи таърихи ислом машғул будем. Ҳамин, ки аз умури ал- Хилол фориғ мешудем, ба таърихи ислом мепардохтем ва ҳақоиқи таърихи исломро таълиқ ва ҳошия менигоштем ва ёдошт мекардем. Бо ин умед, ки таърихи муфассале дар он бора бинависем ва муқарраран нияти худро дар он хусус эълон медоштем ва ҳанӯз ҳам бо ёрии худованд ба ҳамон азму ният ҳастем. Сипас ба шарҳи аҳамияти тамаддун ҳамчунҳастии ҳар як халқу миллат пардохта китобу манбаъҳоеро зикр мекунад, кидар давоми нигориш ба онҳо муроҷиат кардааст. Ва дар бораи ҷилдҳои боқимонда кӯтоҳ- кӯтоҳ маълумот дода мегузарад. Баъдан шарҳу баёни мавзуъот мепардозад. Ҷилди аввали китоби ӯ зиёда аз 900 саҳифа буда муаллиф меҳвари асосии он яъне маълумот додан оиди тамаддуни исломиро нигоҳ доштааст. Дар муқаддимаи ҷилди дуввум Ҷурҷӣ Зайдон он таъсир ва аксуламале,ки китоби аввалан ба бор овардааст навиштааст. طبعالمجلد الول لهذا الكتاب سنة ماضية في هذا اليوم اشار هيجانا في المطبعات لانه لم يوجد في اللغة العربية مثل هذا البهث و اضافة على انه كان موضوعا مهما بدا الناقدون من السورية و مصر و ايران و امريكا يرسلون الي تقاضهم و طبعت الجراءد و المجلات نقدا كثيرا الموضوع و الكثير منهم حثوني على الدوام في هذا البهث Соли гузашта дар чунин рӯзе ҷилди аввали “Таърихи тамаддуни исломӣ”мунташир шуд ва шуру ғавғое дар матбуот пайдо кард.Чун мубоҳиса дар ин қисм матолиб дар забони арабӣ собиқа надошт ва ба илова мавзӯи муҳим буд,рузномаҳо тақризу интиқоди бисёре бар он надоштанд ва аз Мисру Сурия Эрону Аврупо ва Амририко донишмандон номаҳо фиристода моро ба идомаи ин кор ва такмили ин мавзуъ ташвиқ карданд . Дар давомаш Ҷурҷи Зайдон мегӯяд ,ки ин китобро оиди таърихи тамаддуни ислом навиштанӣ буд,вале вақте ба таҳқиқ шуруъ кардааст мавзуъро хеле васеъ ва амиқ дида аст .Бинобарин кори худро ба панҷ мавзуъ тақсим карда ба навиштан идома додааст .Ва бо дархости номаву тақризҳои долнишмандон кӯшиш кардааст ,то номаҳои мадорику аснодро дар нигориши таърихи ислом зикр карда мегӯяд: حينما بدات في تاليف هذا الكتاب كنت احس اهميته من جانب الموضوع و كنت اعلم حاجة اللغة العربية بمثل الكتابو لكن ما كنت اتوقع ان غير العرب بتوجهون اليه بهذا القدر و ايضا ما كنت اتوقع ان المستشرقين المشاهير يقدرون عملي هذا تقدير Таълифи ин маҷалладотро вақте оғоз кардем ,ки аз чанд сол пеш бо таълифу интишори достонҳои таърихи (исломӣ) зеҳни мардумро барои мутолиаи ин таълиф ҳозир сохтем .Ва дар воқеъ ибтидои ҳақоиқи таърихиро зимни романҳои ишқи ,ки матлуби хосае аст ғунҷонидем .Сипас ба таълифи ин муҷалладод пардохтем . Муқаддимаи ҷилди саввумро бо шарҳи аҳамияти илму адабиёт оғоз намуда ,улуму адабиёти исломиро он пуле меномад ,ки улуми бостон ва улуми ҳозираро бо ҳам мепайвандад.Сониян ӯ ба танқиди афкори баъзе аз нависандагони Аврупоӣ чунин менависад: ظن بعض المستشرقين في اوروبا ان العرب او المسلمين لم يضيفوا شيءا في العلم بل نقلوله من اللغة اليونانية فقط و غالبا هم يتعصبون في زعمهم و البعض يظن ان العرب نقلوا العلم نقلا سينا و بهذا اوردوا ضررا في العلم و الحضارة ظهرت المعتقدات و الافكار في زمن التعصب و حتى الان لم يقف احد المسلمين على رد هذا المعتقدات و الافكار اشار بعض المنصفين من مستشر في اوروبا محتضرا ان العرب لم يقتصر بنقل العلم فقط بل اضافوا اليه بعض الاشياء “Порае аз нависандагони фарҳангӣ чунон пиндоштанд ,ки аъроб ё мусулмонон чизе бар илм наяфзуданд ва фақат онро аз забони юнони тарҷума кардаанд.Ва онҳо иттифоқан дар ин пиндори худ таассуб меварзанд .Пораи дигар аз он нависандагон мӯтаақиданд ,ки арабҳо илмро ба бадӣ тарҷума ва нақл карданд ва аз он роҳ зиёне ба олами дониш ва фарҳанг ворид оварданд .Ин афкор ва ақоид дар давраи таассуб падид омада ва то кунун касе аз мусулмонон ё арабҳо ба интиқоди ин абар нахостаанд .Фақат баъзе аз ховаршиносон бо инсофи фарҳангӣ ба таври мухтасар ишора кардаанд,ки мусулмонон натанҳо илмро тарҷума карданд ,балки чизҳое ҳам бар он афзудаанд” Сипас Ҷурҷӣ Зайдон сабабу омилҳои ин таассуб ва хатогиҳои донишмандони аврупоиро баён намудааст .Ва имлмҳои ин ҷилдро мавзуъбанди намуда онро ба ҳашт қисм ҷудо кардааст. Ва таъсироти ин илмҳои мусулмононро ба тамаддуни нави аврупоӣ баён намудааст .Дар муқаддимаи ҷилди чаҳорум Ҷурҷӣ Зайдон боз оиди номаву тақризҳои зиёде ,ки ба ӯ расида буд сухан гуфтааст:”Мавқеъе,ки ба таълифи китобро шуруъ намудем аҳамияти онро аз назари мавзуъ дарк мекардем ва эҳтиёҷи забони арабиро ба чунин таълифе эҳсос менамудем ,вале интизор надоштем ,ки миллатҳои дигар(ғайри араб)исломӣ он қадар ба ин таъриф таваҷҷуҳ кунанд.Ва ҳамин қисм мунтазир набудем ,ки ховаршиносони номии ҷаҳон то ин ҳад амали моро қадр бишносанд” Ва давоми муқаддимаро чун одат ба мавзуъбандӣ намудани мӯҳтавои китоби чорум ва ба марҳилабандӣ намудани ҳаводис идома медиҳад.Ва ҳар як марҳиларо кам-кам шарҳ дода мегузорад .Дар охири муқаддима каме оиди ҷилди панҷум сухан гуфтааст . Муқаддимаи ҷилди панҷум .Ин муҷаддима аз дигар муқаддимаҳо хеле кутоҳ мебошад .Дар он Ҷурҷӣ Зайдон эътироф менамояд ,ки ин навиштани ин ҷилд барои ӯ хеле гарон шудааст ,чун матлабу ҳадафи он пеш аз мавриди таҳқиқи ягон муаллифи пешин набудааст: كما تبدوا مطالب هذا الكتاب عجيبا و سهلا هكذا يصعب على الموءلف جمعها و تاليفها لانه لم يوءلف كتاب بهذا الاصلوب في موضوع الحضارة الاسلامية من قبل و اذا يقلب احد اوراق الكتاب العلمية و الادبية من القبل لا يجد جملة او مطلبا عن نطام الاجتماعية او طباقات الناس او العرف عند الناس و عند الملك Матолиби ин китоб ҳар қадар барои хонанда осон ва ширин менамояд ,ҷамъоварию таълифи он барои муаллиф сахт ва сангин аст .Зеро то кунун бо ин услуб роҷеъ ба тамаддуни Ислом таълифе нашудааст .Ва агар касе тамоми таълифоти илмӣ ва адабию таърихии гузаштагонро варақ бизанад фасле ё ҷумлае ва ё матлабе дар бораи низомоти иҷтимои ё табақоти мардум ва ё одобу русуми иҷтимои ва ё вазъи таҷаммули дар борҳо ва давлатҳои исломӣ намеёбад . Дар давоми сухани худ доир ба ин китоби панҷуми худро аз чаҳор нукта навиштааст маълумот медиҳад.Яъне: 1.Низомҳои иҷтимоӣ 2.Одат ва русуми иҷтимоӣ 3.Авзои тамаддуни умумии малоики исломӣ 4.Азамат ва таҷаммулоти дастгоҳҳои давлатии исломӣ Ва ҳар як аз ин фаслҳоро шарҳи кӯтоҳ дода мегузарад .Дар охир муқаддимаро бо чунин суханон ҷамъбаст менамояд. و بذالنا كل ما في و شعنا كشف الحقاءق و اخذنا الانصاف و الاخلاص طريق عملنا و اذا اتقنا عملنا فهذا المراد و الا اخطا في عملنا و لم نفعه عمدا و كل يعرف ان الله وحده بلا نقصان Ончи тавонистем барои кашфи ҳақиқат кӯшидем .То мумкин буд инсофу хулусро виҷҳаи хело қарор додем .Инак агар кори мо некӯ шуда бошад ,ин орзуи мост ва агар бад шуда бошад қатъан иштибоҳ шудааст ,ва мо онро қасдан содир намудем .Ва ҳар кас медонад ,ки беайб фақат худост. Ва дар охири китоби худ манобеу сарчашмаҳоеро ,ки аз онҳо истифода кардааст зикр намудааст .Инро зикр кардан лозим аст,ки китоби “Таърихи тамаддуни ислом” ба забони форсӣ тарҷума шудааст. БОБИ2.ТАҶАССУМИ АНДЕШАҲОИ ҶУРҶӢ ЗАЙДОН ОИДИ АДАБИЁТИ ҶОҲИЛӢ ДАР АСАРИ МАЗКУР Аввалан мо мехостем ақоиди Ҷурҷӣ Зайдон-ро доир ба тамаддуну фарҳанги араб кутоҳакак гузорем. Пеш аз ҳама онро бояд зикр кард,ки Ҷурҷи Зайдон арабҳоро то зуҳури Ислом бе фарҳангу тамаддун намешуморад .Ӯ арабҳоро ба ду қисм :Қаҳтониҳо ва Андониҳо тақсим намуда,Қаҳтониҳоро чун соири миллатҳои гуногуни мутамаддин соҳиби тамаддуну таърих ва фарҳанг медонад.Барои исботи ақидааш давлатҳое,ки дар замони қадим дар ҷануби ҷазират-ул-араб-Яман пайдо шуда буданд мисол меорад.Ӯ мегуяд: و عموما يوجد هناك سبب ان يمنع العرب من ان يكون اصحاب الحضارة و اخوانهم من الكلد انيين و الاشوريين و الفينقيين كانوا اصحاب الحضارة العالية و العرب عندهم ايضا مثل هذا المميزات و الملكاتو اذا لم تصل حضارة العرب الى درجة الاشوريين فاسبب هو ان شبه جزيرة العرب لم يكن مناسبا للنشاءة و التعالي بسبب جوه الهار و عدم الماء فيها كان العرب الناقية من السباء و الحمير اصحاب الحضارة العالية نجد الان لوحات من حضارتهم في عدن و حضر موت و صنعاء مثل لوحات بالخت الحميري تتكون المتون في هذا اللوحات من الادعية الدينية و اذا بحثنا في هذا الموضوع نعشر على الاثار الاكثر من حضارة قحطانيين Ба таври куллӣ иллате вуҷуд налорад,ки араб мутамаддин набошад .Бародарони ҳамнажоди араб яъне Килдониҳо Ошуриҳо Финиқиҳо дорои тамаддуни олӣ буданд.Арабҳо ҳамон истеъдод ва мумайязотро доранд.Ва агар тамаддуну фарҳанги мардуми Арабистон монанди Кидониҳо ва Ошуриҳо пешрафт накарда бошад,барои он буд,ки қисми ҷазираи Арабистон ба воситаи камобӣ ва ҳавои номусоид истеъдоди тараққӣ ва пешрафти зиёд надошт. “Арабҳои Ҳимяр ва Сабоъ,ки баъд аз Оду Самуд буданд,тамаддуни бузурге доштанд ва акнун пораҳое аз осори он тамаддун аз тахтҳои хати ҳимярӣ аст.Ғолибӣ он дуоҳои динӣ буда ва албатта агар таҳқиқоти бештаре бишавад осори муҳимтаре аз тамаддуни аҳвоми қаҳтонӣ ба даст меояд” Инчунин ӯ раднамекунад,ки тамаддуни фарҳанги исломӣ бар осору боқимондаҳои дарҳамрехтаи тамаддуни Форсу Рум бино шудааст,чуноне ки худи тамаддуни Форсу Рум бино бар боқимондаҳои дигар тамаддунҳост .Ҷурҷӣ Зайдон арабҳои шимоли Ҷазират-ул-арабро низ дорои тамаддуни нисбатан хурд шуморида барои исботаш давлатчаҳои нимустамликаи хурди шумолӣ Ҷазират-ул-арабро мисол меорад.Ӯ танҳо арабҳои васати Ҷазират-ул-араб-аҳли Ҳиҷоз қавми соф бадавӣ ва аз тамаддун дур меҳисобад.Ҷурҷӣ Зайдон ақидаи ҷолибе нисбат ба Ҳиҷозиён дорад .Ӯ мардуми Ҳиҷозро он қадар дур аз тамаддуну дин мешуморад,ки ҳатто маросими динҳояшон-ҳаҷҷу қурбонӣ,никоҳу талоқро моли дигарон медонад.Ӯ мегуяд: اثر مجيء اليهود الى الحجار على الوضع الاختماعى الاعراب في المنطقة فتعلم اهل الحجاز منهم مراسم الحج الاضحية احتقال الاعياد و الانتخاب الكهنة و غيرها و منهم انتقل قصص التورات التمود الى اعراب حجاز “Омадани яҳуд ба Ҳиҷоз дар вазъи иҷтимоии аъроби он минтақа таъсири бисёр дошт.Маросими ҳаҷ,қурбони,никоҳ,талоқ баргузории раму оини ид,интихоби коҳин ва амсоли он матолибе буд,ки Ҳиҷозиён аз яҳудиён омухтанд ҳамин қисм достонҳои тавроту алмут аз яҳуд ба аъроби Ҳиҷоз мунтақил шуд” Ҳамин тариқ Чурчӣ Зайдон Чазират-ул-арабро мисли баъзе мухаққиқон тамоман аз тамаддун холӣ ва аз таъсири дигарон дур ҳисоб намекунад. Ин андешаҳои ӯ дар қисмати риштаҳояш оид ба наҳзати адабии араб пеш аз Ислом такрори худро меёбанд. Ӯ менависад اشرنا سابقا ان العرب الدنانيين كانوا اصحاب العقل و الذكاء المنيرة و لكن كانوا يقضون حياتهم في الحروب الداءمة و كانوا يعيشون بعيدا من العلم المحتضر و لهذا ما كانوا يستطيعون ان يوجهواعقلهم للتنمية و التعالي .و الواضح ان الافراد عايين لا يسعون للحيات الى ان يقف في الفقر و الذلة . هذا هال افراد الناس و لكن هيات الاجتماعية بعد الحوب الخارية يصتيقون و يسعون في التعالي و النمو. صادق العرب قبل قرنين بمثل هذا الهوادث التي دافعتهم الى فكر النمو و التعالي يعني سيطرت جيوش الاجباش على اليمن .و قبل قرن من الاسلام جاء الاجباش الى الحجاز لفتح مكة و تخريت الكعبة .و نتيجة هذا الحوادث ظهرت النهضة الدبية و الدينية في اهل الحجاز و ظهر منهم النوابغ في السياسة و القيادة.و على كل حال كان غليان فكري و ادبي قبل ظهور الاسلام. Собиқан ишора шуд, ки арабҳои Андон мардуми равшанфикру тезҳуше буданд, вале чун рӯзгори худро дар ҷангу ҷидол мегузарониданд ва аз дунёи мутамаддин дур мезистанд, наметавонистанд ҳушу фикри хешро дар роҳи тараққию пешрафтба кор баранд. Он чи мусаллам аст, афроди оддӣ то дар фишори фақр воқеъ нашаванд барои маош талош намекунанд ва то хоӣ накашанд, тараққии худ намекӯшанд. Ин вазъи афроди мардум аст ва аммо хайатхои иҷтимоии ғолибан баъд аз ҷангҳои хориҷӣ дар ин маврид ба ҳаяҷон меоянд ва барои тараққӣ мекӯшанд. “Иттифоқан ду қарн қабл аз Ислом хамин воқеаҳо барои аъроб пеш омад ва ононро такон дода ба фикри тараққию пешрафт андохт. Яъне сипоҳиёни Ҳабаша бар Яман даст ёфтанд ва дар мобайнҳои аввали пеш аз ҳиҷрат Ҳабашто ба қасди тасхири Макка ва Каъба ба Ҳиҷоз омаданд... Таъсири ин воқеа натанҳо мӯҷиби наҳзати адабиву динии ҳиҷозиён гашт. Балки дар натиҷаи он сиёсатмадорон нобиғаҳои миёни онхо зуҳур кард... Дар ҳар ҳол пеш аз Ислом як навъ ҷараёни фикрӣ аз назари дину адабиёт миёни аъроб падид омада буд.” Ба қавли ӯ мутолиаи таърихи араб (пеш аз Ислом) ба тамоми печидагӣ ва норавшаниҳои муштарик бар матолибе аст, ки ҷониби таваҷҷӯҳ ва қобили диққату тафаккур мебошад. Аз он ҷумла ин ки то қарни аввали пеш аз ҳиҷрат миёни қабоилу тоифаҳои мухталифи араб, шоиру хатиб ва ё донишмандони номдоре падид наомадааст. Ва ин пешомад албатта мавзӯи қобили мутолиа мебошад. Шояд гурӯҳе тасаввур кунад, ки ба воситаи мудавван набудани таърихи араб номҳои шуаро ва суханварону донишманони собиқи араб аз байн рафта бошад. Вале ин тасаввур иштибоҳ аст. Зеро афсонаҳои Оду Самуд ва Худ комилан дар миёни араб маҳфуз мондааст. Ва агар шуаро ё донишмандони аз миёни онҳо буда албатта номашон боқи мемондааст. Яъне Ҷурҷӣ Зайдон оғози нахзати адабии арабро танҳо як қарн пеш аз Ислом медонад. Ҷурҷӣ Зайдон малакаву донишҳои арабро марбут ба муҳити зисти онон медонанд. كان العرب اصحاب الذكاء و العقل . و اذا كانوا يعيشون في وادي الفرات أو النيل الصبحوا اصحاب الحضارة المثال خير انهم . و لكنهم عاشوا في الصحراء تحت السماء الصافية . و لهذا وصلوا الى الذهن النتير و بذلوا و غريزتهم الى انشار الاشعار و بينوا شعرهم بطريقتها .و استهملت قوة بيانهم و اصبحوا مهرة في القاء الخطب. “Арабҳо хирадманд ва ҳушёр буданд ва агар дар дараи Фурод ё Нил мезистанд, монанди ҳамсоягонашон мутамаддин мешуданд, вале онҳо дар саҳрои хушк иқомат доштанд, ки ҳавои софу осмони дурахшон дошт. Бинобар ин зеҳни равшан пайдо карда қарнҳои худро бо сароидани шеър сарф намуда эхсосоти худро бо он баён менамуданд. Қувваи баёни онон муҳкам шуд ва дар сароидани хутбаҳо моҳир гаштанд.” Дар бобати ин ки донишҳою улуми арабҳои пеш аз Ислом аз куҷо пайдо шудааст, чунин ақида дорад: و بعد تحقيق المعلومات او العلوم التي نتعلق الى فترة ما قبل الاسلام يتضح لنا ان قسما منها خاص للعرب و ظهر منهم و قسم منها اقتبسوا من اقوام اخرى.مثلا كل ما يتعلق الى الشعر او الخطابة و تعريف الانساب هو من العرب انفسهم و كل ما يتعلق الى الطب و الفلك وغيرهما هو مقتبس من الاخرين . Нуқтаи дигар он ки пас аз баррасии ҳамон маълумот ё улуми пеш аз Ислом мусаллам мегардад, ки порае аз он махсуси араб буда ва аз миёни худи онон падид омадааст. Ва пораи дигарро аз соири миллатҳо иқтибос кардаанд. Масалан: ончӣ марбут ба шеъру китобат ва табору насаб аст, аз они худи аъроб мебошад. Ва ончӣ роҷеъ ба пизишкӣ, ситорашиносӣ ва ғайра аст, аз дигарон иқтибос шудааст. АҚОИДИ ҶУРҶӢ ЗАЙДОН ОИДИ ШЕЪРИ ҶОҲИЛИИ АРАБ Дар аввали ҷилди дуюми китоби худ Ҷурҷӣ Зайдон фаҳмиши худро оиди шеъру наср ва фарқи онҳо баён кардааст. Ӯ шеърро забони рӯҳу дил ва ифодагари хаёлоту эҳсосот шарҳ дода аз ин ҷиҳат қавмҳои сомиро бештар ба дигарон моили шеъру шоирӣ медиҳад. Аз рӯи гуфтаи ӯ сомиҳо нисбат ба дигар ақвом ба хаёлот фурӯ мераванд, чун онҳо ба диёнати яктопарастӣ мутамоил ҳастанд: “Ақвоми Сомӣ бештар аз ҳар қавми дигар дар олами хаёл фурӯ мераванд ва ба ҳамин ҷиҳат ба диёнати тивҳид моил ҳастанд, чун ақида ба тавҳид иборат аз имон ба Худо аст, ки таҳти контрули хавос дар намеояд. Ва ба ҳамин назар ақвоми Сомӣ беш аз дигарон ба тасаввуроти шоирона алоқаман буданд. Ва ин худ аз осори шоиронаи онон падидор аст.” (20 415) Дар бораи шеъри араб чунин овардааст: “Арабҳо, ки монанди иброниҳо аз нажоди Сомӣ ҳастанд, монанди онон дар олами хаёл ва тасаввуроти шоирона ғарқ мебошанд. Чун забони арабӣ имконоти бештаре дорад, бинобар ин шеъри арабӣ беш аз шеъри ибрӣ аст... Чун арабҳо дар ҳавои озоди биёбон иқомат доштанд ва дар аҳкому афкори хеш истиқлоли зотӣ пайдо кардаанд. Ба ҳамин ҷиҳат бештари ашъори араб роҷеъ ба масоили силаҳшӯрӣ ва размоварӣ аст.” Шеъри замони ҷоҳилӣ ва баъдинаро Ҷурҷӣ Зайдон таҳлил намуда ба хулосае омадааст, ки арабҳо бар акси бародарони суриёнӣ ва ибриҳои худ вазну қофияро шартҳои зарурии шеър меҳисобанд. Дар ҳоле, ки суриёниҳо ба қофия интизоми сахте надоштанд. Оиди чигунагии пайдоиши шеър дар байни арабҳои замони ҷоҳилият ӯ чунин мегӯяд: لا توجد الافكار الشعرية عند العرب منذ زمن قديم .و لكن الكلمات المنظومة ظهرط عندهم متأخرا و ربما كانوا يبينوا الشعر بلاجمل القصيرة مثل الامثال حتى يسهل حفظه .و نمت الامثال تدريجا الى النظم المسجع بالقافية حتى لا يحوك الاذان. “Афкори шоирона аз қадим дар араб буда, аммо калимаҳои манзум дар миёни онҳо тозагӣ дорад. Ва чи басо, ки дар ибтидо шеърро бо ҷумлаҳои кӯтоҳмонанди масал паҳн мекарданд, то аз бар кардани он осон бошад. То ин ки тадриҷан масалҳоро низ бо саҷъ ва қофия танзим намуданд, ки ба гӯши шунавандагон хуш ояд.” Сипас ӯ оиди чи гуна пайдо шудани вазни “раҷаз” фикр ронда ва дигар вазнҳои шеърӣ фикри худро иброз доштааст. Ӯ итминон дорад, ки аввалин шоири номии араб Имриъулқайс ва бобоиаш Муҳалҳил мебошад. Аз гуфти ӯ аввалин қасидаро Муҳалҳил суруда онро Имриъулқайс тӯлони сохта навовариҳо дар он дохил кардааст. Ва тахмин мезанад, ки шояд Имриъулқайс баъзе навовариҳои худро (ташбеҳи уштур ба оҳу) аз шоирони румӣ ё юнонӣ омухта бошанд. Бо вуҷуди ин шеъри арабро моли худи онҳо дониста онро ба чанд омил марбут медонад. 1. Арабҳо Сомӣ ҳастанд ва сомиҳо табъан аҳли фикру хаёл мебошанд. 2. Онхо бодиянишин буданд ва мардуми бодиянишин истиқлоли озодиро доранд. 3. Мардуми бодиянишин одатан ба якдигар муфохара ва ситезу таҳдидгароӣ мекунанд ва ҳамин кашмакашу мунозира ононро равшан месозад ва қувваи бадеҳагӯии ононро қувват мебахшад. 4. Забони арабӣ калимоти манзум ва имконияти бештареро дорад. Ва арабҳо қадимулайём шеър мегуфтанд. Дар бораи наҳзати шеърию адабии як аср пеш аз Ислом сухан гуфта Ҷурҷӣ Зайдон мегӯяд, ки: “Нуқтае қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ашъори арабӣ мутааллиқ ба замони наҳзати пеш аз Ислом, ки феълаг боқӣ мондааст, бисёр аст. Ва ҳамин гувоҳи он аст, ки арабҳо хеле бисёр шеър мегуфтанд. Хоҳ як аср бошад, хоҳ ду аср он қадар шеър гуфтаанд, ки ҳеҷ миллати соҳибтамаддун дар зарфи чандин аср ба он миқдор шеър нагуфтааст.” Инчунин ӯ ишора мекунад, ки “қисмати зиёди ашъори замони ҷоҳилият аз байн рафтааст ва агар онҳоро мо дар даст медоштем, ҳаҷми шехъри ҷоҳилият боз ҳам дар назди мо зиёд мегашт.” Ӯ менависад: و اضافة على هذا كان العرب يقولون القصاءد لا الاشعار .و طبعا اطول من الاشعار .بهذا القرار كان ابو تمام يحفظ اربعة و عشرين قصيدة التي تبدأ كل واحد منها يحروف الهجاء. و يجيب ان تشير الى نكتة ان الينانيين و الهنود و الاقوام الاخرى كانوا اصحاب الدولة و الدين .و نمت اشعارهم تهت تأثير و مساعدة تلك المنظمات. و لكن اشعار العرب ظهرت قبل هذه المنظمات عندهم. Ба илова аъроб бештар қасида (на шеър) месароиданд. Ва албатта қасида аз шеър тӯлонитар аст. Аз қарори мазкур Абӯ Тамом муаллифи китоби ҳамосон гузашта аз қасида ва мақтуот 14 хазор раҷази арабӣ ҳифз доштааст. Ва Ҳаммот Ровия 27 ҳазор қасида маҳфуз буда, ки ҳар қасидае аз яке ҳарфи ҳиҷо оғоз мешудааст ва ғайра... Инро ҳам бояд изофа кард, ки ҳиндуҳо ва юнониҳо ва миллатҳои дигар давлату ҷомеа ва дину ташкилот доштанд. Ва муназзамоти онон дар натиҷаи он ташкилот падид омада ва тараққӣ карда буд. Аммо ашъори арабон то замони таъсиси ҷомеа ва давлати араб ба таъхир меафтад. Ҳамон тавр, ки ашъори румиён чанд қарн пас аз таъсиси давлати онон падид омада буд ва ашъори лотинӣ (дар тиллоии он) дар айёми Август ва тибориус дар қарни ҳаштум ҳангоми таъсиси давлати Рум (асри 1) ниҳоят тараққӣ ва равнақро пайдо кард. Сипас ба Қаҳқаро рафт. Ҳамин тавр ашъори урупоиён, ки пас аз таъсиси давлатҳои урупоӣ ва пешрафти илму адаб дар миёни онон рӯ ба тараққӣ гузорида пешрафт кард. Баъдан Ҷурҷӣ Зайдон мулоҳизаронии худро оиди шеър давом дода, онро тибқи анъана ба ду қисм: лирикӣ ва эпикӣ тақсим мекунад. Ӯ аксари ашъори ҷоҳили арабро лирикӣ хонда шеърҳояшонро ба бист қисм тақсим мекунад. Аз ҷумлаи онҳо ғазал, мубоҳот, мадҳ, ҳаҷв, итоб, узрхоҳӣ, зуҳд, марсия, табрикванд, ҳазар додан, раҷазхонӣ ва ғайра мебошад. Ӯ қисмати эпикиро дар шеъри араб хеле кам дониста онҳоро на он қадар тӯлонӣ мешуморад. Достонҳое мисли Иллиада ё Шоҳнома-ро аз сабаби пайдо нашуданашон ғайримавҷуд мешуморад. Ё баъзе қисматҳои шеъриро ҷузъи ин достонҳои азбайнрафта мешуморад. Ба таври умум фитрати шоиронаи аъробро қабул дошта, онро ҳатто ба дуздону бегонагон ва занҳои аъроб нисбат медиҳад. Ба қавли ӯ аъроб барои шеър манзалату мақоми волое дар ҳаёташон қоил буданд. Онхо ҷавонони худро тарғиб мекарданд, ки шеъри некӯ бисароянд. Онҳо шоирро бар паҳлавон тарҷеҳ медоданд. Агар дар қабилае шоирӣ зуҳур кунад, ба муборакбодии он қабила мерафтанд ва онро бо хону соз ҷашн мегирифтанд. Зеро ӯро ҳимоятгар ва баландбардои обу рӯи қабила медонистанд. Ва ҳар хабару маълумоте, ки аз таърихи ҷоҳилии араб ба мо расидааст, ба воситаи шеърҳо ба мо расидааст. Аз ашъори араб ҷангҳои онон ва воқеаҳои таърихии онҳо ба дасти мо омада ва Сиистонӣ (Сиҷистонӣ) китоби “Муамморин” معمرين)-ро аз он шеърҳо таълиф кардааст. Ҳолатҳои шуарои гузаштаи араб аз ҳамон ашъор ҷамъоварӣ шуда, аз он китобҳое монанди китоби Ибни Қутайба ва дигарон таълиф шудааст. Тавсифи қабилаҳо, кӯҳҳо, дараҳо, ҳайвоноту гиёҳҳо ва амсоли он ба воситаи ашъори шоирон маҳфуз монда, дар натиҷаи касоне мисли Ҷоҳиз, Абӯҳанифаи Динавварӣ тавонистаанд китоби ҳайвон ва китоби гиёҳҳо таълиф кардаанд. Хулоса, ин ки ахбору иттилооти марбут ба дину одат, одобу русуми арӯс, меҳмонӣ, аспсаворӣ ва амсоли онон ва аз замони ҷоҳилият боқимонда ба воситаи ҳамон ашъор будааст. Пораҳое аз шоирони араб ба воситаи ашъоре, ки дар ҳимояти қабилаи худ сурудаанд бисёр машҳур шуданд ва номи онҳо боқӣ мондааст. Монанди Зиёди Аъзам, ки қабилаи Қайсро мадҳ кардааст, ба Фараздак аз байн ном бурдааст. Ва Утба ибни Робеа қабилаи Қусайро сутудааст ва амсоли онон бисёранд. Арабҳо ба қадре шеъру шоириро эҳтиром мегузориданд, ки ҳафт қасида аз ашъори қадими худро бо оби тилло рӯи порчаи мисрӣ нигошта ва онро дар пардаҳои Каъба рехтанд. Ва ин ҳамон аст, ки онро муаллақот ё музаҳҳабот мегуфтанд. Монанди муаллақои музаҳҳабаи Имриъулқайс ва муаллақаи Зуҳайл. Ба ақидаи баъзе муаллақот ғайр аз музаҳҳабот аст. Зубдаи беҳтарини ашъори ҷоҳилият 49 қасида аст, ки аз 49 шоир боқӣ мондааст ва ба ҳафт маҷмӯа тақсим мешавад, ки ҳар қасидае лақаби махсусе дошт. Мисол: Муаллақот-Муҷамҳарот-Мунтақиёт-Музаҳҳабот-маросӣ-мушаввабот-мунаҳҳамот. معلقات-مجمهرات-منتقيات-مذهبات-مراسي-مشوبات-ملحمات Муаллиф таҳқиқи худро доир ба шеъри ҷоҳилии араб давом дода таъсири шеърро дар ҳимояту дифои шарафу номуси қабила хеле муассир номидааст. كان العرب يتأثرون من الاقوال البليغة فطرة و ربما كان الشعر الوحيد يثيرهم الى الحرب او يمنعهم منها.و لهذا كان العرب يخافون من الهجاء الشعراء و يفتخرون من مدحهم. “Арабҳо фитратан аз суханони болиғ мутаассир мешуданд ва чӣ басо, ки шеъри як фард ононро ба ҷанг бармеангехт ё аз ҷанг бозмедошт. Аз ин рӯ арабҳо аз ҳаҷви шоирон бим доштанд ва ба мадҳи онон мефахриданд.” Сониян Ҷурҷӣ Зайдон оиди лақабҳои шоирон маълумот медиҳад: كان الشعراء يلقبون بمناسبة الالفاظ التي يستخدمونها في اشعارهم مثلا سمو بن سعد بمرقش بسبب انه استخدمه في شعره.و كانوا يسمون جرير بن ظبعي بمتلمس لان هذا الكلمة وردة في شعره. Шоирон ғолибан ба муносибати алфозе, ки дар шеъри худ мегуфтанд мулаққаб мешуданд. Масалан Авер ибни Саъдро бо воситаи як шеър Мураққаш (нигорин) мехонданд. Ҷарир ибни Абдулмасеҳи Зибъиро муталаммис мегуфтанд. Чун дар шеъри вай калимаи муталаммис (дарднок) омада буд. Инчунин ба гуфти ӯ тамоми қабилаҳои араб дар шеъру шоирӣ яксон набуданд. Ва шоиртарини қабилаи араб тоифаи Робеа буданд,ки ин шоирон аз мииёни онон бархостанд:Муҳалҳил, Мураққаши калону кӯчак, Тарфа ибни Абд, Умар ибни Ҳамима , Ҳорис ибни Ҳализа, Муталаммис, Аъшо, Мусиб. Пас аз Робеа қабилаи Қайс шоиртарини араб ба шумор меомад ва шоирони зайл аз он қабилаанд: Нобиғаи аввал, Нобиғаи сони, Зуҳайр ибни Абӯсалмо, Робеа, Лубайя, Хатиа, Шамоҳ ва ғайра. Ӯ давом дода чунин нуқтаҳоро қайд мекардаст. “Шигифт он, ки арабҳо ҳама навъ бартарӣ барои Қурайш қоил буданд, ҷуз шеъру шоирӣ, ки Қурайшро дар он бебаҳра медонистанд. Шояд омезиш бо эрониён афкори шоиронаи аъробро бармеангехтааст. Чун шоироне, ки бо рониёну румиён омезиш доштанд, беҳтар аз дигарон шеър мегуфтанд. Ва қабоиле, ки дар муҷовироти Ироқ (Эрон) мезистанд, беш аз дигарон шоир ба вуҷуд оварданд.” Инчунин мегӯяд: كان العرب يحفظون شرفهم و انسابهم بوسيلة الاشعار و بها كانوا يظهرون شعرهم .و حقا كان الشعر عندهم في الجاهلية مخزن الاخلاق و الاداب. “Арабҳо ба василаи ашъори хеш ё дигарон шарафу номуси худро ҳифз мекарданд ва эҳсосоти хешро иброз медоштанд. Дар воқеъ шеър ганҷинаи илму ахлоқ ва адабиёти онон (арабҳои давраи ҷоҳилият будааст).” ХИТОБА ДАР ДАВРИ ҶОҲИЛИЯТ Афкору ақоиди Ҷурҷӣ Зайдон доир ба хитоба мисли афкори ӯ доир ба шеър мебошад, яъне ӯ истеъдоду малакаи арабҳоро нишон дода мақому манзалаи онро дар замони ҷоҳилияти араб шарҳ додааст. Чуноне, ки мегӯяд: تحتاج الخطابة الى الافكار الشاعرية و تستيع ان نحسبها نوعا من الشعر المنظوم .و لو يوجد هناك فرق بين الشعر و الخطابة ر الرجز واكنه تؤثر كثيرا الى قوم ذوي الشرف و الاستقلال. و هذا الجهة تشابه الايام الجاهلية عند العرب ة الينان.لانهما كانوا اصحاب الخطابة و الاشعار و كانوا يطلبون الاستقلال و الحرية لهم.و بهذ السبب كانت الخطابة منتشرة بين الرميين و بهذا السبب كان اليهود يميلون الى الشعر قبل الخطابة. | |
Просмотров: 535 | Загрузок: 0 | |